Ссылки доступа

Афсари пойгоҳи 201-и Русия ба гумони қатли як зани тоҷик боздошт шудааст


Дар Тоҷикистон ба гумони қатли тоҷикзане афсари пойгоҳи низомии 201 Русия боздош шуд.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз боздошти лейтенанти калони нерӯҳои мусаллаҳи Федератсия Русия Иван Шербаков ба гумони қатли шаҳрванди Тоҷикистон Ш. Ҷабборова хабар медиҳанд. Афсари рус 9 ноябр боздошт шуда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқи он идома дорад.

Дар бахши милитсияи Сино-1 мегӯянд, ки қатл 5 ноябр дар ҳудуди воҳиди низомӣ рух дода, дар пайи муроҷиати хешовандони Ҷабборова дар бораи бедарак шудани Ҷабборова 9 ноябр ин ҷиноят ошкор шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни бозпурсии аввалия лейтенанти калон Иван Шербаков хабар дод, ки "занро дар ҳолати мастӣ куштааст ва чизе дар хотир надорад".

XS
SM
MD
LG