Ссылки доступа

Човандозҳо қоидаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистонро вайрон кардаанд


Ба иттилои Радио Азаттик (бахши қирғизии РСЕ/РС) шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон, дар минтақаи Арали ноҳияи Алди Копурои Лайлак ба гумони вайрон кардани муқаррароти убур аз марзи давлатӣ боздошт шудаанд.

Радио бо истинод ба маркази матбуотии Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон марзи миёни ду кишварро дар минтақаи бидуни гузаргоҳ гузашта, дар қаламрави Қирғизистон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи худи вайронкунандагони марз, онҳо аз Тоҷикистон ба Қирғизистон барои ширкат дар бозии миллии бузкашӣ омадаанд.

Хабар дода мешавад, ки баъд аз таҳияи ҳуҷҷатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG