"Ҷониби Тоҷикистон аз Русия дархост мекунад, ки ин ҳодиса мунсифона арзёбӣ шуда, барои пешгирӣ аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо дар оянда аз сӯйи низомиёни пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ анҷом дода шаванд", гуфта шудааст дар номаи эътирозии ВКХ Тоҷикистон.
Дар сомонаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода шудааст, ки дар дидор бо сафир ҳамчунин изҳор шудааст, ки воқеаи рухдода бо робитаҳои маъмулан дӯстона ва ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишвар созгор нест.
Даъват шудани сафир ва ба ӯ супоридани номаи эътирозӣ зимни хабари боздошти лейтенанти калони пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков бо гумони қатли шаҳрванди тоҷик ба амал омадааст. Хешовандони шаҳрванди Тоҷикистон Шоира Ҷабборова мегӯянд, ки афсари рус баъд аз бадрафторӣ бо сокини 22 солаи Душанбе ҷасади ӯро ба қуттии ахлот дар наздикии пойгоҳи низомӣ партофтааст.