Ссылки доступа

Нахуствазири Қирғизистон ба даъватҳои чаппа кардани мошини мансабдорон посух дод


Дар мулоқот бо сокинони вилояти Таласи Қирғизистон нахуствазир Темир Сариев изҳор дошт, ки гурӯҳе аҳолиро ба амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд.

"Даъватҳое шуданд, ки мошинҳои мақомдорон чаппа карда шаванд. Эҳтимол дорад ин гурӯҳи мардум ба мушкилоти кишоварзон коре надоранд ва танҳо мехоҳанд аз вазъият истифода кунанд. Ин одамон ҷазо дода мешаванд", - гуфт раиси ҳукумат ва афзуд, ки "аз ин амали ифротӣ, ки 5-6 нафар бо давлат чунин рафтор мекунанд, бояд пешгирӣ кард".

Сухан ҳамчунин дар бораи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар робита ба нархи хариди лӯбиё рафт, ки бештаре аз кишоварзони Таласс ба парвариши он машғуланд Сариев зикр кард, ки ширкатҳо худ нархи харидро бо дарназардошти вазъият дар бозори ҷаҳонӣ муайян мекунанд.

Феълан нархи як килограмм лӯбиё дар вилояти Таласс аз 25 то 35 сом аст. Дар солҳои гузашта ин зироатро бо нархи 100 сом барои як килограмм харидорӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG