Ин ҳуҷҷат аз сӯйи раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имзо шудааст. Ҳадафҳои асосии ин қарордод, ки 12 сентябри соли 2014 дар Душанбе омода гашта буд, содда кардани талабот ва тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои боркашонии байналмиллалӣ (ББ) мебошанд.
Ин қарордод ба боркашонҳо имкон медиҳад, ки боркашонии байналмиллалиро дар қаламрави кишвари худ бо васоили нақлияи дар кишварҳои дигари СҲШ сабти номшуда низ анҷом диҳанд.