Ссылки доступа

Дар Алмаато хотираи қаҳрамони шӯравиро гиромӣ доштанд


Дар Алмаато маросими ифтитоҳи лавҳаи хотиравӣ бахшида ба халабони ҳавопаймо Талгат Бегелдинов, куҳансарбози Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва ду карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуд.

Ин лавҳа дар девори биное дар кӯчаи Кунаев насб шудааст, ки дар он Бегелдинов зиндагӣ мекард.

Талгат Бегелдинов 5 августи соли 1922 дар деҳаи Майбалики вилояти Акмола таваллуд шудааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳи ҳавоии Оренбург дар соли 1943 вай озими набардҳои ҷангӣ шуд. Бегелдинов 305 парвози ҷангӣ анҷом додааст. Генерал-майори нерӯҳои ҳавоӣ Талгат Бегелдинов 10 ноябри соли 2014 дар Алмаато дар синни 93 солагӣ фавтид.

XS
SM
MD
LG