Ссылки доступа

Варшикастагӣ сабаби қатъи кори телевизиони "Қазоқистон-Семей" шуд


Корпоратсияи "Қазоқистон" тасмим гирифтааст бар пояи дороиҳои шабакаи телевизионии "Қазоқистон-Семей" хабаргузорӣ таъсис дода шавад, омадааст дар баёнияи шабакаи телевизионии "Қазоқистон-Семей".

Бино бар ин баёния ҳамоиши шабакаи телевизионии "Қазоқистон-Семей" бо шабакаи телевизионии "Қазоқистон-Оскемен" барои "истифодаи муассир аз маблағҳои давлатӣ" сурат мегирад. Ширкат зикр кардааст, фаъолияти молии шабакаи телевизионии "Қазоқистон-Семей" бо харҷи 158 миллион тенге дар як сол фоидаовар набудааст.

Барои муайян кардани ҳаҷми кор бо шумори эҳтимолии 30 корманд гурӯҳи омӯзишӣ таъсис ёфтааст.

Қаблан хабарнигорони "Қазоқистон-Семей" ба Азаттик хабар дода буданд, ки раҳбарият кормандонро аз баста шудани шабакаи телевизионӣ дар оғози соли 2016 огоҳонидааст. Ба иттилои хабарнигорон, дар ин шабака қариб 70 нафар кор мекунанд. Кормандони телевизионии "Қазоқистон-Семей" унвонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нома навишта, дархости кӯмак кардаанд. Чанд муассисаи омӯзишии маҳаллии Семей аз раҳбарияти ширкат дархост кардаанд, ки шабакаи телевизионӣ баста нашавад.

XS
SM
MD
LG