Ссылки доступа

Дар Ӯш марде боздошт шуд, ки барои озодии гаравгон пул талаб мекард


Дар шаҳри Ӯш ба гумони гаравгонгирӣ ва пулситонӣ марди 23-сола боздошт шуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии милитсияи Ӯш хабар доданд.

Ба иттилои таҳқиқот ба милитсия сокини 40-солаи шаҳр бо ариза муроҷиат карда, иддао дошт, ки афроди ношинос хешованди ӯро гаравгон гирифтанду бар ивази озодии вай 2 ҳазор доллар ва мошини Honda Fit-ро талаб доранд.

Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят марди 23-сола боздошт шуд. Ба гуфтаи худи гумонбар, вай ба ин кор дар пайи мушкилоти пулӣ даст задааст.

Ин шахс боздошт ва гаравгон озод карда шуда, нисбати қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG