Кормандони сардхона ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҷоғи Шоира шикаста ва дар паси гарданаш изи латукӯб дида мешаванд.
"Зери чашмонаш доғҳои сиёҳе ҳаст ва почааш сахт осеб дидааст", - хабар доданд онҳо.
Хешовандонаш мегӯянд, ки Шоира шоми 5 ноябр аз хона баромада, ба ҳамин бедарак шудааст. Хабари кушта шуданашро онҳо баъд аз муроҷиат ба милитсияи ноҳияи Сино фаҳмидаанд.
Рӯзи сешанбеи 10 ноябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни дидор бо Сафири фавқулода ва комилҳуқуқи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз марги маҷбурии шаҳрванди Тоҷикистон Ҷобирова Шоира дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард.
Афсари пойгоҳи низомии 201-и Русия ба гумони қатли шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст.