Дар ин маҳбас танҳо зиндониёне адои ҷазо хоҳанд кард, ки барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум мешаванд, хабар медиҳад Интерфакс.
Раҳбари агентии миллии зиддимухаддаротии Индонезия Буди Васезо гуфт, ки тимсоҳҳо аз посбонон дида боварбахштаранд, зеро онҳоро бо пора харида намешавад.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, агар нафаре аз маҳбусон зимни фирори нобарор хӯрда шавад, тимсоҳро наметавон ба бадрафторӣ айбдор кард.
Тарҳи сохтмони чунин маҳбас ба Вазорати адлия фиристода шудааст ва ҳамзамон кормандони агентӣ дар ҷазираҳои Индонезия машғули ҷустуҷӯи тимсоҳҳои хашмгинанд, ки сипас онҳоро дар обҳои назди зиндон парвариш кунанд.
Бо вуҷуди қонунҳои сангин мухаддирот дар зиндонҳои Индонезия зиёд муомила мешавад. Дар тиҷорат ва истифодаи онҳо зуд-зуд худи зиндониён ва посбонон ошкор мешаванд.
Ҳукумати Индонезия чунин вазъро "нигаронкунанда" меномад, зеро дар кишвар 4,2 миллион нашъмандон ҳастанд, ки беш аз ду дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд.