Ссылки доступа

Кашфи хурдтарин сайёраи канораи галактикаи офтобӣ


Қаблан, дар соли 2005 дуртарин сайёра дар низоми Хуршедӣ ошкор шуда буд.

Ситорашиносон кӯчактарин сайёраро ба унвони дуртарин ҷисми кайҳонии ошкоршуда дар низоми Хуршедӣ пайдо карданд. Дар ин бора пажӯҳишгарон 11 ноябр хабар доданд.

Ҷисми кӯчаки кайҳони се маротиба дуртар аз Плутон воқеъ аст, аммо аз ин сайёраи кӯчк ду маротиба кӯчактар аст. Масофаи воқеъ ёфтани ин сайёра қариб 10 миллиард мил аз Замин мебошад, яъне се маротиба дуртар аз Плутон.

Скотт Шеппард, нуҷумшинос аз бахши илмии Донишкадаи Карнегӣ дар Вашингтон аз чунин бозёфт хабар дода, гуфт, ки фазои ин сайёра то ҳол норӯшан аст, зеро ин сайёра танҳо чанд ҳафта пеш ошкор шудааст.

"Вай дар ниҳоят метавонад ба гурӯҳи ташкилшавандаи ҷузъҳои ғайриоддии низоми хуршедӣ ворид шавад, ки фазои ҷолиби онҳо гувоҳи он аст, ки эҳтимолан ба онҳо сайёраҳои раддшуда ва ё сайёраҳои низдиктарин таъсир мерасонанд", - омадааст дар гузориши маҷаллаи Science.

Қаблан дуртарин ҷузъи низоми Хуршедӣ дар соли 2005 ошкор шуда буд - ин кӯчактарин сайёрае буд, ки бо исми Эрид номгузорӣ шуд. Ҷозеф Бернс, профессори ҳандаса ва нуҷум дар донишгоҳи Корнелла ин бозёфтро шарҳ дода, гуфт, ки ин "боз як далели он аст, ки низоми Хуршедӣ зиёда аз пиндори мост".

XS
SM
MD
LG