Ссылки доступа

Reuters: «ДИ» ба Русия бо амалҳои террористӣ таҳдид мекунад


Гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» («ДИ») дар шабакаи интернетӣ навори видеоие нашр карда, дар он таҳдид мекунад, ки дар зудтарин фурсат зидди Русия амалҳои террористӣ анҷом хоҳад дод.

Хабаргузории Reuters ба нақл аз гурӯҳи дидбони сомонаҳои исломгаро -- SITE, хабар додааст, ки ин навори видеоӣ аз сӯйи бахши нашаротии "ДИ" ба забонҳои ғайр, ки «Ал-Ҳайят Media Cеnter» ном дорад, нашр шудааст. Дар он ба забони русӣ ҳарфҳои «Зуд, хеле зуд дарёи хун рехта мешавад» такрор мешаванд.

Бархе аз ниҳодҳои ҷосусии ғарбӣ гумон доранд, ки «ДИ» масъули суқути ҳавопаймои русии А-321 дар Миср аст, ки 31 октябр рух дод. Бахши мисрии ин гурӯҳ ду бор изҳор дошт, ки маҳз ҳамин гурӯҳ ба унвони интиқом аз зарбаҳои ҳавоӣ дар Сурия ин ҳавопайморо суқут додааст.

Рӯзи чаҳоршанбе ВКД Русия хабар дод, ки корбарони интернетие, ки дар бораи таҳдидҳои террористӣ ба кишвар навиштаанд, бозпурсӣ карда мешаванд. Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳод Елена Алексеева пулис бархе аз нафарони машғули ба паҳн кардани ин хабарро ошкор сохтааст. Аввали ҳамин рӯз дар сомонаҳои интернетӣ хабаре пайдо шуд, ки чанд маргталаби омӯзишёфта барои анҷоми амалҳои террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вориди қаламрави Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG