Ссылки доступа

Дар мактабҳои Қирғизистон маъракаи «Ба кӯдакон китоб хонед» шурӯъ мешавад


Вазорати маориф ва илми Қирғизистон ба мақсади бештар кардани шавқи кӯдакон ба хониш тарҳи иҷтимоии «Ба кӯдакон бихонед»-ро шурӯъ кард.

Ин тарҳ ҳадаф дорад волидайнеро муттаҳид созад, ки аҳамияти таҳсил барои ояндаи бобарори фарзандонашонро дарк мекунанд.

Тибқи иттилои вазорат аз 10 ноябри соли 2015 то 20 майи соли 2016 волидайн ва ҳамчунин хешовандони наздики талабагон имкон доранд бо мактаббачаҳо дидор карда, 15-дақиқагӣ ба онҳо қитъае аз осори бадеиро бихонанд.

Ба ин тартиб волидайн ба раванди омӯзиши кӯдакони худ тавассути хониш мепайванданд.

XS
SM
MD
LG