Ссылки доступа

"Давлати исломӣ" масъулияти таркишҳои Бейрутро ба зимма гирифт


Дар натиҷаи ду таркиш дар шаҳраки наздикии пойтахти Лубнон 37 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар захмӣ шудаанд.

Созмони ифротгарои "Давлати исломӣ" ("ДИ") масъулияти таркишҳои Бейрутро (Лубнон), ки аз сӯйи бомбагузорони худкуш анҷом дода шудаанд, ба зимма гирифт.

Чунин изҳоротро ҷонибдорони исломгароёни ифротӣ дар шабакаи Твиттер нашр кардаанд. Пулис мегӯяд, ки маргталабон маводи таракандаро дар камари худ баста буданд.

Дар пайи ин ду таркиш дар шаҳраки канораи ҷанубии пойтахти Лубнон 37 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин амалҳои террористӣ дар назди даромадгоҳи маркази тиҷоратӣ ва дар назди дарвозаи масҷид дар минтақае сурат гирифтаанд, ки маҳалли будубоши шиаҳои гурӯҳи ифротии "Ҳизбуллоҳ аст. Ин гурӯҳ аз сӯйи Эрон пуштибонӣ мешавад.

Ҷангиёни гурӯҳҳои низомии "Ҳизбуллоҳ" дар Сурия ба пуштибонӣ аз президент Башор Асад меҷанганд. Ин дар ҳолест, ки суннимазҳабони лубнонӣ аз мухолифони суриягӣ ҳимоят мекунанд.

Дар пасманзари даргирии низомӣ дар Сурияи ҳамсоя дар Лубнон амалҳои хушунатомез зиёд мушоҳида мешаванд.

XS
SM
MD
LG