Ссылки доступа

Додгоҳи бритониёӣ дороиҳои Илёс Храпунов, домод ва шарики Аблязовро манъ кардт


Додгоҳи Бритониё дороиҳои Иляс Храпунов, домоди раҳбари пешини БТА Бонк Мухтар Аблязовро мамнӯъ сохт, менависад хабаргузории Reuters.

Дар гузориши хабаргузорӣ ба нақл аз мақомоти бонк гуфта шудааст, додгоҳи бритониёӣ ҳама гуна додуситади дороиҳои Илёс Храпуновро, ки дар Женева бо кори сохтмон машғул аст, маҳдуд кард. ИН дар ҳолест, ки БТА Бонк Храпуновро ба берун кашондани сарватҳои худ айбдор мекунад.

Дар сомонаи БТА Бонки Қазоқистон омадааст, ки он ҷуброни зиёнҳои худро талаб кардааст ва маъни додуситади Храпунов дар ин замина сурат гирифтааст.

Илёс Храпунов шавҳари Мадина, духтари Аблязов аст. Вай писари собиқ шаҳрдори Алмаато Виктор Храпунов мебошад, ки ба Швейтсария кӯчидааст. Мақомоти Қазоқистон Виктор Храпунови 65-соларо бо гумони даст доштан дар фасод ҳадафи ҷустуҷӯйи байналмиллалӣ қарор додаанд.

Мухтар Аблязов, раиси собиқи шӯрои мудирони БТА Бонки Қазоқистон аз тобистони соли 2013 дар Фаронса маҳбус аст. Мақомоти Қазоқистон, Русия ва Украина ӯро дар фасоду дуздӣ айбдор мекунанд. 17 сентябри нахуствазири Фаронса Мануэл Валс барои истирдоди Аблязов ба Русия фармон имзо кард.

XS
SM
MD
LG