Ссылки доступа

Раиси пешини зиндони 9 маҳбуси фирории Қирғизистон боздошт шуд


Имаш Телтаев, раиси собиқи СИЗО-50-и Қирғизистон, ки аз он 12 октябр 9 зиндонӣ фирор карда буданд, боздошт шуд.

Вай ҳамакнун худ ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст, хабар доданд дар Додситонии кулли Қирғизистон.

Телтаев аз вазифаи худ баъд аз фирори зиндониён барканор шуда буд. Дар ҳодисаи фирор чанд маъмури боздоштгоҳ кушта шудаанд.

Зимнан, 12 октябр нӯҳ нафар зиндониёни боздоштгоҳ дар вилояти Чуй фирор карданд. Ҳангоми талош барои пешгирӣ аз ин фирор чаҳор нафар аз нигаҳбонон кушта шуданд. Кормандони милитсия панҷ фирориро боздошт карданд, аммо чаҳор нафари дигар тавонистанд нопадид шаванд. Дертар се нафари аз зиндониёни фирорӣ кушта шуданд ва як нафар боздошт гардид.

XS
SM
MD
LG