Ссылки доступа

Дар Мӯъминободи Тоҷикистон ду бародар аз таркиши тири тӯп ҷон бохтанд


Дар деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод нимарӯзи 12 ноябр дар натиҷаи таркиши тири тӯп ду сокини маҳаллӣ ҷон бохтанд.

Бародарон Ҷамшед ва Қурбон Назаровҳои 49 ва 32 сола дар натиҷаи таркидани тири тӯп кушта шудаанд. Дар бахши милитсия ноҳияи Мӯъминобод хабар доданд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. То ҳол маълум нест, ки ин тир чӣ гуна пайдо шудааст.

Раиси ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод Ғаффор Шарипов 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародарон ронандаҳои трактор буданд ва ин фоҷиа ҳангоми таъмири трактор рух додааст.

Бархе аз сокинони деҳа мегӯянд, ки бародарон тӯли як сол ин тирро дар дохили трактор нигаҳ медоштанд, аммо касе намедонад, ки онро аз кучо пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи сокинон тири инфиҷоршуда метавонад тири зангзадаи зиреҳпӯше бошад, ки ҳангоми таъмири трактор аз он истифода мекарданд.

Раиси бахши милитсияи ноҳияи Мӯъминобод Хайриддин Ҷаъфарзода мегӯяд, ки ин тир ҳангоми бархӯрдан бо трактор таркидааст.

Ин нахустин чунин ҳодиса дар ҷамоати Балхоби нест. Дар қаламрави ҷамоат тамрингоҳи "Мумирак"-и пойгоҳи 201 низомии Русия воқеъ аст. Дар гузашта дар чунин ҳодисаҳо кӯдакон кушта ва ё захмӣ мешуданд. Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ соли ахир дар ин ноҳия дар натиҷаи таркиши тирҳо 4 нафар кушта ва 8 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG