Ссылки доступа

Беш аз 150 сокини Тошканд ба гумони иртибот бо "ДИ" боздошт шуданд


Танҳо дар ду ҳафтаи ахир дар пойтахти Ӯзбекистон беш аз 150 нафар ба гумони иртибот бо "ДИ" ва созмонҳои дигари ифротгаро боздошт шудаанд.

Дар сӯҳбат бо "Озодлик" (бахши ӯзбекии радиои "Озодӣ") Сурат Икромов ҳомии ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон мегӯяд, ки бештаре аз боздоштшудагон муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд.

Хабар дода мешавад, ки ҳоло барои ошкор сохтани одамони шубҳаомез нерӯҳои иловагӣ ҷалб карда шудаанд.

"Фармони вазири ВКД баромад, ки тибқи он воҳидҳои милитсия, аз ҷумла маъмурони бехатарии ҳаракат дар роҳ, воҳидҳои хаҷагидорӣ ва дигар бахшҳо аз ҳар як манзили сокинон барои ошкор кардани одамони шубҳаомез дидан мекунанд", - гуфтааст мусоҳиби хабаргузорӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки маъмурони ниҳодҳои қудратӣ муваққатан аз иҷрои вазифаҳои асосии худ озод карда шудаанд.

Ба иттилои ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон бештаре аз боздоштшудагон "салафиҳо" будаанд, ки машғули тиҷорат будаву ҳамзамон тавассути ҳамтоёни худ аз Қирғизистон бо ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ иртибот барқарор кардаанд.

XS
SM
MD
LG