Ссылки доступа

Фаронса бо “зарбаҳои фарогир”-и ҳавоӣ ба Раққа посух дод


Нерӯи ҳавоии Фаронса дар посух ба мавҷи террор дар Париж, ки 132 кушта ба ҷо гузошт, ба қаламрави таҳти назорати «Давлати исломӣ» дар Сурия зарбаҳо зад.

Ҳавопаймоҳои низомии фаронсавӣ ба маркази фармондеҳиву назоратӣ, анбори аслиҳа ва тамрингоҳи ДИ дар шаҳри Раққаи Сурия 20 бомба партофтанд. Дар ин бора АР ва Reuters бо истинод ба вазорати мудофиаи Фаронса хабар додаанд.

Ҳамлаи «фарогир» аз қаламрави Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ӯрдун дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои ИМА анҷом дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол бозрасони фаронсавӣ ва белгиягӣ ҷустуҷӯи шарикони эҳтимолӣ ва иҷрокунандаҳои ҳамлаҳои террористии Парижро идома медиҳанд, ки 132 кушта ва беш аз 350 маҷрӯҳ ба ҷо гузоштанд. Шахсияти се террористи кушташуда маълум шудааст. Ҷустуҷӯи Абдулсалом Салоҳ, бародари яке аз террористони худкуш оғоз ёфтааст, ки эҳтимолан дар ин амалҳои террористӣ даст дорад. Ду мошине кашф шудаанд, ки террористон дар онҳо ба маҳалли ҳамлаҳои худ расидаанд.

XS
SM
MD
LG