Ссылки доступа

Қазоқи сокини Париж аз зиёд шудани тафтишҳо хабар медиҳад


Абдулсамад Олтой
Абдулсамад Олтой

Сокини қазоқтабори Париж дар мусоҳиба бо Азаттик аз вазъи "асабонӣ"-и пойтахти Фаронса баъд аз амалҳои террористӣ, ки ҷони беш аз 130 нафарро рабуданд, хабар дод.

Абдулсамад Олтойи 66-сола, ки 25 соли ахир дар пойтахти Фаронса зиндагӣ мекунад, гуфт, ки «муносибати сокинони маҳаллӣ ба мусалмонон тағйир ёфтааст».

«Ҳанӯз баъд аз ҳамлаи мусаллаҳона ба идораи маҷаллаи танзи «Charlie Hebdo» дар аввали соли ҷорӣ маъмурони пулис дар назди истгоҳҳои қатор, масҷидҳо ва маҳалли ҷамъшавии одамон ҳуҷҷати онҳоро бозрасӣ мекарданд. Ҳоло теъдоди низомиён зиёд шудааст, ки дар зиндагии мо, бахусус мусалмонон, мушкилот эҷод мекунад. Баъд аз таркиши аввали сол теъдоди мусалмононе, ки ба масҷид меомаданд, камтар шуд ва ҳатто нафароне, ки рӯзҳои намози ҷумъа барои талбандагӣ меомаданд, акнун дида намешаванд», - гуфт Олтой.

«Бештаре аз мардум дар кӯчаҳо хомӯшанд. Дар бораи ин ҳодисаҳо чизе намегӯянд.»

Дар Фаронса мотами серӯза эълом шудааст. Бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир дар тамоми қаламрави кишвар вазъи фавқулода роҳандозӣ шудааст, ки баста шудани ҷузъии сарҳадот ва маҳдуд сохтани ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосиро дар назар дораду ба ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ салоҳияти бештар медиҳад.

XS
SM
MD
LG