Ссылки доступа

Додуситади Қазоқистон бо Иттиҳоди Авруосиё 21% кам шудааст


Ҳаҷми савдои мутақобилаи Қазоқистон бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба ҳафт миллиарду 805,9 миллион доллар расид, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 21% камтар аст.

Ба иттилои вазорати иқтисоди миллӣ, ҳаҷми содирот ба кишварҳои ИИАО дар 9 моҳ ба 26,8%, яъне то 2 миллиарду 351,1 миллион доллар коҳиш ёфта, воридот 18,2% шудааст, ки баробари 5 миллиарду 454,8 миллион доллар мебошад. Аз ҷумла ҳаҷми содирот ба Русия дар ин давра 26,9 % камтар шуда ба ду миллиарду 322,9 миллион доллар расидааст ва воридоти маҳсулоти русӣ низ ба 17,5% коҳиш ёфта, баробари панҷ миллиарду 220,7 миллион доллар шудааст.

Бино бар омори расмӣ, дар миёни маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба кишварҳои ИИАО маҳсулоти минералӣ (51,3% аз ҳаҷми умумии содирот), маҳсулоти тавлидоти химиявӣ (20,3%), фузулот ва маҳсулот аз онҳо (16,7%), маҳсулоти чорво ва растанаӣ, маҳсулоти омодашудаи ғизоӣ (4%) бештар ҳастанд.

Аз кишварҳои шарик ба Қазоқистон асосан мошинҳо ва таҷҳизот, маҳсулоти минералӣ, фузулот ва маҳсулот аз онҳо, маҳсулоти химиявӣ, маҳсулоти чорво ва растанӣ ва маҳсулоти тайёри ғизоӣ ворид карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG