Пеш аз ин, рӯзи шанбе, раиси ҷумҳури Қазоқистон унвонии президенти Фаронса Франсуа Олланд баъд аз вуқӯи силсилаи амалҳои террористӣ барқияи тасаллият фиристода буд.
Амалҳои террористӣ дар чанд минтақаи Париж 13 ноябр дастикам ҷони 132 нафарро рабуд. Зиёда аз 350 нафар дар мудҳиштарин амалиёти террористии Аврупо баъд аз таркишҳои соли 2004 дар Мадрид захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.