Ссылки доступа

Дар Ӯш гумонбари ҷалби ҷавонон ба Сурия боздошт шуд


Дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон марди гумонбар дар таблиғу ҷалб ва интиқоли хоҳишмандон ба маҳалҳои даргирии низомӣ дар Сурия ва Ироқ боздошт шуд, хабар медиҳад бахши қирғизии Азаттик бо истинод ба маркази матбуотии ВКД Қирғизистон.

Хабар дода мешавад, ки марди 19-сола аз сӯйи кормандони милитсия 14 ноябр дар фурудгоҳи Ӯш ҳангоми гусели як шаҳрванди Қирғизистон ба Истамбул, эҳтимолан барои вуруд ба Сурия, боздошт шудааст.

Гуфта шудааст, ки боздоштшуда эҳтимолан узви созмони дар Қирғизистон мамнӯи террористии "Катибат ал-Имом Бухорӣ" аст.

XS
SM
MD
LG