Ссылки доступа

Соҳибкорони Қазоқистон: пойин бурдани қурб мушкилоти тиҷоратро ҳал накард


Пойин бурдани қурби тенге ҳамаи мушкилоти тавлидкунандагони қазоқро ҳал накард, изҳор дошт муовини сардори раёсати палатаи Миллии соҳибкорони "Атамекен" Нуржан Алтаев дар дидори рӯзи душанбе бо хабарнигорон дар Остона.

Ба эътиқоди Алтаев, пойин бурдани қурби тенге ба "натиҷаҳои ҷудогонаи мусбат барои тавлидкунандагони қазоқ" сабаб шуд, аммо барои соҳибкороне, ки дар тавлидоти онҳо аз маҳсулоти воридотӣ истифода мешавад, пойин бурдани қурби пули миллӣ роҳи ҳал нагашт.

20 август ҳукумати Қазоқистон эълом кард, ки аз нигаҳдории қурби тенге дар мизони муқарраршуда даст мекашад ва ба сиёсати "ҳадафгирии таваррум" мегузарад. Аз моҳи август қурби тенге 63% пойин рафт.

XS
SM
MD
LG