Дар ин созишнома сухан аз маҳсулоте меравад, ки тибқи созишномаи ҳамокриҳои низомиву фаннии миёни ду кишвар аз 24 декабри соли 2013 ворид ва содир карда мешавад. Ин дастур дар сомонаи интернетии расмии иттилооти ҳуқуқии ФР чоп шудааст.
«Ҳукумати Федератсияи Русия дар анҷоми ин музокирот бо ҷониби Қазоқистон дар бораи имзои чунин қарордод тасмим бигирад», - омадааст дар дастури Путин. Дар ҳамин ҳол то ҳол ҷузъиёти ин қарордод эълом нашудаанд. Пештар Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар бораи ироаи кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистон ва Озарбойҷон хабар дода буд.