Ба иттилои ин ниҳод, яке аз боздоштшудагон дар ҳамин идора кор мекунад, дуввуми дар сафи ВКД ҶҚ ва ду нафари дигар муваққатан бекор мебошанд.
Тибқи ин хабар кормандони ниҳодҳои қудратӣ аз пайи маъмурони ниҳодҳои интизомӣ, ки ба қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир машғул буданд, назорат мекарданд.
15 ноябр дар шаҳри Қара-Болта кормандони таҳқиқотӣ хариди озмоишӣ анҷом дода, аз яке аз аъзои ин гурӯҳи қочоқчиён 0,204 грамм ба ном ҳероинро харидорӣ мекунанд.
Дар худи ҳамин рӯз чаҳор нафари зикршуда зимни талоши фурӯши қариби 8 килограмм маводи мухаддири ба ном ҳероин бар ивази 80 ҳазор доллар боздошт шуданд.
Ҳангоми кофтукоб аз киссаи маъмури милитсия «ҳероин» дар ҳаҷми 0,097 грамм ошкор карда шуд. Якҷо бо 7,765 кг хариди санҷишии маъмурони интизомӣ дар асл ин мавод орд будааст.
Ҳоло ҳамаи боздоштшудагон дар боздоштгоҳ қарор доранду корҳои зарурии тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.