Ссылки доступа

Гурӯҳи тамоси Украина дар Минск мулоқот мекунад


Ширкаткунандагони гурӯҳи тамоси Украина рӯзи сешанбе дар Минск дидор карда, мехоҳанд шароити афв ва баргузории интихоботи маҳаллӣ дар минтақаҳои ҷудогонаи вилоятҳои Донетск ва Луганскро баррасӣ кунанд, хабар медиҳад «Интерфакс».

Гурӯҳи тамос ҳамчунин мехоҳад мавзӯи барқарорсозии зербиноҳои дар пайи даргирӣ вайроншудаи Донбассро баррасӣ ва вазъи низомӣ дар минтақаро арзёбӣ кунад.

Рӯзи душанбе намояндаи дафтари раёсати ҷумҳурии Украина дар умури амалиёти низомӣ Андрей Лисенко изҳор дошт, ки дар сурати ташдиди вазъ дар шарқи Украина фармондеҳии артиши украинӣ ба хатти аввали дифоъ тӯпҳо ва артилерияро бармегардонад.

Киев ва мақомоти Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск дар бораи ташаннуҷи вазъият дар рӯзҳои ахир дар Донбасс изҳори назар мекунанд. Хабар дода мешавад, ки дар як шабонарӯзи аз 14 ба 15 ноябр се низомии украинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG