Ссылки доступа

Гурезаи ӯзбек шоҳиди ҳамла ба театри «Батаклан»-и Париж шудааст


Гурезаи 28-солаи ӯзбек Тӯрабек Сано, ки чаҳор соли охир дар Париж зиндагӣ мекунад, шоҳиди амали террористӣ дар бинои театри «Батаклан» шудааст.

Ба гуфтаи худаш ҳангоми оғози тирпарронӣ дар дохили театр вай бо дӯсташ дар дохили қаҳвахонае дар канори «Батаклан» нишаста буданд.

«Нахуст ман хархашаеро шунидам. Дақиқ карданд, ки ин чӣ садо аст дар аввал душвор буд. Баъд ин садо дубора такрор шуд. Миёни ҳозирини қаҳвахона нигаронӣ сар шуд ва ҳама талош мекарданд, ки дар ҷойи амн панаҳ баранд. Меҳмондорони қаҳвахона садои мусиқиро баланд карданд. Дар дохили қаҳвахона ҳама талош доштанд ҳаёти худро наҷот диҳанду баъзеҳо дар таги миз ва бархе дар ҷойи дигаре панаҳ бурданд. Ман ҳам талош кардам бо ҷойи боамнтаре бигзарам. Дар чашмони ҳама нишони изтироб дида мешуд. Ҳарчанд касе намедонист, ки чӣ ҳодисае рух дода истодааст», - гуфт дар сӯҳбат бо Озодлик Тӯрабек Сано.

Толори контсертии «Батаклан» (Bataclan) – яке аз ҳафт маҳаллест, ки рӯзи ҷумъаи 13 ноябр мавриди ҳамлаи террористони «Давлати исломӣ» дар Париж қарор гирифт. Ба навиштаи расонаҳои ҷаҳонӣ дар пайи ин ҳамалоти террористон толори контсертии «Батаклан» бештар қурбонӣ дорад – дар ин ҷо 100 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG