Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон бастани сомонаҳо қонунӣ мешавад


Шӯрои Маҷлиси намояндагон 16 ноябр ин тағйирот ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасвиб карда, барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои порлумон фиристод.

Порлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйирот ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро оғоз кард, ки тибқи онҳо мақомот метавонанд алоқаи телефонӣ ва дастрасӣ ба Интернет ва ё хадамоти ҳамсони онро дар манотиқи анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ ва ё дар тамоми қаламрави кишвар маҳдуд созанд.

Мавориди қатъи алоқа ва дастарсӣ ба интернет дар Тоҷикистон солҳои 2010- 2012 ҳангоми анҷоми амалиёти махсуси ниҳодҳои давлатӣ дар водии Рашт ва Хоруғ мушоҳида шуданд.

Дар амалиёти зидди гурӯҳи муовини собиқи вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дастрасӣ ба хадамоти пайёмак ва бархе аз сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд карда шуданд.

Идораи алоқа, ки танзимгари ин арса мебошад, тибқи маъмул изҳор медорад, ки ба раванди қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо рабт надорад.

XS
SM
MD
LG