Ссылки доступа

Дар фурудгоҳи Остона тадбирҳои амниятӣ тақвият дода шуданд


Дар фурудгоҳи байналмиллалии Остона дар робита ба амалҳои террористии ахир дар Порис ва кишварҳои дигар тадбирҳои иловагии амниятӣ ҷорӣ карда мешаванд, хабар дод маркази матбуотии фурудгоҳ.

Бино бар ин хабар дар даромадгоҳи фурудгоҳи Остона таҷҳизоти махсуси назоратӣ гузошта шуд, ҳамаи мусофирон ва нафарони пешвозгиранда, гуселкунанда ва ҳамчунин кормандони фурудгоҳ зимни вуруд ба ин толор бояд аз назорат гузаранд. Назорат ба сурати шабонарӯзи роҳандозӣ шудааст, омадааст дар хабар.

Ба ин далел раҳбарияти фурудгоҳи Остона ба мусофирон машварат медиҳад, ки на камтар аз се соати пеш аз парвози байналмиллалӣ ва на камтар аз ду соат қабл аз парвоз тавассути хатсайрҳои дохилӣ ба фурудгоҳ ҳозир шаванд.

XS
SM
MD
LG