Дар изҳороти худ қисми бештари ҳокимони вилоятии Амрико бо ишора ба амалҳои террористӣ дар Париж аз мақомоти марказӣ хостанд, назорати хоҳишмандони ҳаққи паноҳандагӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро қавӣ ва фарогиртар кунад.
Аз соли 2011 то ҳоло Иёлоти Муттаҳида танҳо 1500 гурезаи суриягиро қабул кардааст. Раиси ҷумҳур Барак Обама дар бораи афзоиши ин миқдор то 10 ҳазор нафар дар соли оянда сӯҳбат кард. Расман раисони иёлатҳо ҳақ надоранд сиёсати муҳоҷиратии давлатро муйян кунанд. Аммо онҳо метавонанд аз ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ дар ҷобаҷогузории гурезаҳо сарпечӣ кунанд ва ба ин тартиб дар иҷрои нақшаҳои Вашингтон мушкил ба бор оранд. 25 раиси иёлат аз ҳамаи 26 иёлати кишвар, ки аз қабули гурезагон сарпечӣ карданд, узви Ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд.