Ссылки доступа

Айбдоршавандаи ташкили қатли Немтсовро дар Дубай хоҳанд ҷуст


18 ноябр додгоҳ паврандаи Руслан Муҳудиновро, ки дар ташкили қатли Борис Немтсов айбдор дониста мешавад, ғоибона баррасӣ хоҳад кард.

Нашрияи "Коммерсантъ" хабар медиҳад, ки собиқ низомии баталони "Север"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳудиновро, ки дар ташкили қатли Борис Немтсов айбдор дониста мешавад, дар Дубай ҷустуҷӯ мекунанд.

18 ноябр додгоҳи минтақаи Басмании шаҳри Москва дархости ҳабси ғоибонаи ӯро баррасӣ мекунад.

Таҳқиқот бар ин аст, ки Муҳудинов ҳанӯз баҳори имсол ба Имороти Муттаҳидаи Араб паноҳ бурдааст. Худи ӯ қаблан низ дар Дубай зиндагӣ карда, машғули тиҷорат буд, аммо ба далели мушкилоти молӣ ба Русия баргашт ва ба унвони ронандаи дӯсташ, муовини фармондеҳи баталони "Север" Руслан Геремеев кор кард. Расонаҳо менависанд, ки таҳқиқот фарзияеро мекобад, ки бар асоси он маҳз Геремеев метавонад, "фармоишгари" қатли Немтсов бошад.

Борис Немтсов шаби 28 феврал дар наздикии Кремл, дар болои пули "Болшой Москворетский" кушта шуд. Дар иртибот ба ин қатл панҷ зодаи Чеченистон боздошт шуда, аммо ҳамаи онҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG