Ссылки доступа

Қирғизистон: як “занг ба муҳоҷир” метавонад сарнавиштсоз бошад


Дар ноҳияҳои Қара-Кулҷин, Алай ва Аравани вилояти Ӯши Қирғизистон маъракаи “Занг ба муҳоҷир” баргузор мешавад. Сокинони вилоят метавонанд ба хешовандони худ дар Русия ва Қазоқистон занг зананд.

Ҳадаф ин аст, ки наздикон бояд аз ҳоли муҳоҷирон бохабар бошанд ва онҳоро рӯҳбаланд кунанд. Ҳуқуқдонҳои ҷалбшуда ба ин иқдом сокинони маҳаллиро аз ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирон, ки донистани онҳо зимни сафар ба хориҷи кишвар барои кор муҳим аст, огаҳ сохтанд.

Чунин иқдом 16 ноябр дар шаҳри Ҷалолобод баргузор шуда буд. Зикр мешавад, ки дертар ин маърака дар ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилояти Ботканд низ баргузор мешаванд.

Ташкилкунандагони ин иқдом «Интербилим», ISEDA, сандуқи «Инсан Лейлек» ва «Мехр Шавкат» бо ҳимояти ICCO Cooperation мебошанд.

XS
SM
MD
LG