Ссылки доступа

Карзай аз ҳузури 1300 ҷангӣ дар марз бо Тоҷикистон ҳушдор дод


Ҳикмат Халил Карзай
Ҳикмат Халил Карзай

Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзай изҳор дошт, ки дар ҳамла ба шаҳри Кундуз дар моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 1300 ҷангиёни хориҷӣ ширкат кардаанд.

Вай зикр кард, ки «ин ҷангиён аз Покистон, Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои дигар омадаанд» ва аъзои гурӯҳҳое назири Ал-Қоида, Давлати исломӣ, Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ ва Ҷунбиши исломии Ӯзбекистонанд.

Ба гуфтаи ин мақоми дипломатӣ, «Афғонистон ҳадафи ниҳоии ҷангиён нест, бештаре аз ин гурӯҳҳо ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дошта, ки дар пайи иҷрои онҳоянд».

Дар охири моҳи сентябр ҷангиёни Толибон шаҳри Кундузро ишғол ва чанд рӯз назорат карданд. Ин шаҳр, ки маркази маъмурии вилояти ҳамноми Афғонистон дар шимоли кишвар аст, бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Нерӯҳои давлатӣ танҳо баъд аз чанд рӯз бо кӯмаки нерӯҳои НАТО ва ИМА дар як амалиёти низомӣ тавонистанд, толибонро аз ин шаҳр берун ронанд.

Ҳикмат Карзай бародарзодаи собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аст. Вай гуфт, ки муқобала бо ҷангиён набояд танҳо вазифаи Афғонистон бошад ва кишварҳои дигари минтақа дар ин замина бояд ба Кобул кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG