Ин қарор баъд аз 10 рӯз, яъне аз 25 ноябр мавриди иҷро қарор мегирад.
Тибқи ин санад дар сурати фурӯши яклухти маводи сӯхт аз сӯйи тавлидкунанда маблағи аксиз бар ҷойи 4 500 тангаи пештара барои як тонна 10,5 ҳазор танга мешавад. Дар сурати фурӯши бензин барои ниёзҳои дохилӣ бошад ҳаҷми аксиз ба ҷойи панҷ ҳазор тенгеи пештара 11 ҳазор танга мешавад.
4 сентябри соли ҷорӣ ҳукумати Қазоқистон худдориашро дар танзими нархи бензини навъи АИ-92/93 ба хотири пешгирии камбуди он эълом карда буд.