Ссылки доступа

Президенти Чехия дар гирдиҳамоии зиддимусалмонӣ ширкат кард (Видео)


Раиси ҷумҳури Чехия Милош Земан дар гирдиҳамоии аз сӯйи гурӯҳи зиддимусалмонии «Иттиҳоди Зидди Ислом» ташкилшуда ширкат кард.

Ин гирдиҳамоӣ 17 ноябр дар рӯзи 26-мин солгарди Инқилоби Махмалӣ баргузор шуд, ки режими коммунистӣ дар Чехославакияро сарнагун карда буд.

Земан, ки бо ақидаҳои зиддимусалмониаш шӯҳрат дорад, ба гурӯҳи чандҳазорнафарӣ дар Прага гуфт, ки аъзои гурӯҳи зиддимусалмонӣ ифротгаро нестанд.

Земан аз муҳоҷироне интиқод кард, ки ба «фарҳанги куштор ва бадбинии мазҳабӣ тааллуқ доранд».

Гирдиҳамоӣ дар шаҳраки донишҷӯён, дар ҷое баргузор шуд, ки дар он ҷо соли 1989 инқилоби зиддикоммунистӣ шурӯъ шуда буд. Гирдиҳамомадагон изҳор доштанд, ки такрори ҳодисаҳои Париж дар Прагаро намехоҳанд. Ҳамзамон бо гирдиҳамоии зиддимусалмонӣ ва зиддимуҳоҷиратӣ дар як маҳалла дуртар аз он гирдиҳамоии начандон бузурги ҷонибдорони қабули муҳоҷирон дар Чехия баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки Чехия дар муқоиса бо кишварҳои дигари аврупоӣ теъдоди камтари муҳоҷиронро дар қаламрави худ мепазирад.

Czech President Warns Against 'Culture Of Murderers' At Anti-Islam Protest
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:49 0:00

XS
SM
MD
LG