Ссылки доступа

Обама аз Русия хост, ки диққаташро ба ДИ кӯчонад


Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки мехоҳад, Русия таваҷҷӯҳашро аз пуштибонии ҳукумати Сурия ба мубориза бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) кӯчонад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури ИМА, вай ин мавзуъро бо президенти Русия Владимир Путин матраҳ мекунад.

Президент Обама ин изҳоротро дар Манила ҳангоми мулоқот бо раиси ҷумҳури Филиппин баён дошт. Президенти ИМА ҳамчунин сиёсатмадорони амрикоиро, ки ба роҳ надодани гурезаҳои суриягӣ ба қаламрави ИМА то замони таъсиси низоми судманди санҷиши муҳоҷирон даъват мекунанд, мавриди танқид қарор дод. Барак Обама чунин изҳоротро намунаи бозтоби "таҳлука ва бештар вонамуд сохтани хатар" унвон кард. "Чунин изҳоротро набояд дигар такрор кард, зеро ҷаҳон ба сӯйи мо мениград", - таъкид кард раиси ҷумҳури ИМА.

Зимни ҳимоят аз пешниҳоди худ дар бораи дар соли оянда додани паноҳандагӣ ба дастикам 10 ҳазор гурезаи суриягӣ, Обама гуфт, ки барои санҷиши ҳар як муҳоҷири ба қаламрави ИМА роҳдодашуда яз якуним то ду сол вақт сарф мешавад.

XS
SM
MD
LG