Ссылки доступа

Бомбаи меҳмонхонаи "Ҳаят Рэҷенси"-и Бишкекро наёфтанд


Хабари дар меҳмонхонаи "Ҳаят Рэҷенси" дар Бишкек гузоштани бомба тасдиқи худро наёфт. Дар ин бора ба Азаттик" дар ВКД кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, субхи 18 ноябр дар назди даромадгоҳ ба меҳмонхона кормандон қуттии шубҳанокеро ошкор карда, ба милитсия хабар доданд. Бозрасон зимни таҳқиқи қуттӣ дар дохили он танҳо партобҳоро ёфтанд.

Ба иттилои милитсияи шаҳрӣ, субҳи имрӯз соати 9.50 дақиқа маъмурон хабаре дарёфт карданд, ки дар ин меҳмонхона бомба гузошта шудааст. Сипас тамоми қаламрави меҳмонхона аз сӯйи кормандони милитсия ба иҳота гирифта шуд.

Ниҳодҳои қудратии Қирғизистон талошҳои худро барои таъмини амнияти фурӯшгоҳҳои бузург, муассисоти стратегӣ ва иҷтимоӣ афзоиш додаанд. Чунин дастурро нахуствазир Темир Сариев дар пайи ҷаласа барои пешгирии терроризм додааст.

XS
SM
MD
LG