Ссылки доступа

Ними порлумони Тоҷикистон гирифтори диабет ё бемории қанд аст


Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, ки маблағ барои харидории доруи инсулин бояд аз будҷа ҷудо карда шавад.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 18 ноябр ҳангому саволу ҷавоб бо вазири тундурустии кишвар Абдусалом Қурбониён ба мавзӯи бемории қанд ишора карда, зикр дошт, ки "ними вакилони порлумон аз бемории қанд азият мекашанд".

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки табобати ройгон барои беморони қанд муҳим аст ва маблағ барои харидории доруи инсулин бояд аз будҷа ҷудо карда шавад.

Дар кишвар 34 ҳазор нафари гирифтори бемории қанд зиндагӣ мекунанд ва онҳо ба инсулин ниёз доранд. Муовини вазири тандурустӣ Насимҷон Олимов зимни посухҳо ба саволҳои вакилони порлумон гуфт, ки барои харидории инсулин дар кишвар 5 миллион сомонӣ зарур аст, аммо вазорат ин маблағро дар ихтиёр надорад.

XS
SM
MD
LG