Дар ҷараёни таҳқиқот ва муҳокимаи додгоҳӣ, аз ҷумла субҳи дирӯз зимни суханронии ҷонибҳо ва дар суханронии охиринаш Игор Сичев ин айбро рад кард.
Додситон, ки нахуст дар суханронии ҷонибҳо ҳарф зад, аз додгоҳ хост, ки Сичевро барои панҷ соли зиндон маҳкум кунад. Игор Сичев яке аз масъулони сафҳаи «Дар Риддер шунида шудааст» дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» буд.
Баҳори соли ҷорӣ вай дар гурӯҳи интернетии худ назарсанҷиеро ҷой дода, аз корбарон хост, дар масъалаи ба ҳайати Русия шомил шудани ин минтақаи Қазоқистон изҳори назар кунанд.