Дар ин бора муовини нахуствазир Олег Панкратов зимни ҷаласаи машваратӣ дар масъалаи иҷрои қонун дар бораи ҳамкории давлативу хусусӣ (ҲДХ) изҳор дошт.
«Дар ҲДХ чанд тарҳи ҷолибе ҳастанд, ки мо онҳоро бояд дар зудтарин фурсат дар амал татбиқ созем», - зикр кард муовини нахсутвазир.
Панкратов пешниҳод кард, ки дар ҳар як вазоратхона ва ниҳоди давлатӣ корманде масъули иҷрои тарҳҳо дар чаҳорчӯби ҲДХ таъйин карда шавад.