Ссылки доступа

Тоҷикистон аз грантҳои байнулмилалӣ бенасиб мемонад


Созмонҳои байналмиллалии молӣ Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳое шомил кардаанд, ки вазъи молиаш миёна унвон мешавад ва ба ин далел ҷумҳурӣ дигар наметавонад ба кӯмакҳои моли бебозгашт умед дошта бошад.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён 18 ноябр зимни суханронӣ дар баррасии тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли оянда дар порлумон зикр кард, ки ҷумҳурӣ мехоҳад соли оянда 216 миллион доллар ва дар соли 2017 - 271 миллион доллар ва дар соли 2018 мехоҳад 104 миллион доллар қарз бигирад.

Ба гуфтаи раҳбари вазорати молияи ҶТ ин қарзҳо боимтиёз буда, барои 15-40 сол бо суди солиёнаи 0,15% то 2% дода мешаванд.

Раиси кумитаи иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода гуфт, ки бо дарназардоштти вазъи бӯҳронии кишварҳои шарики Тоҷикистон иҷрои будҷа дар соли оянда мушкил хоҳад шуд.

Зимнан, дирӯз порлумони кишвар тарҳи будҷаи соли 2016 бо 18 миллиарду 300 миллион сомониро тасвиб кард.

XS
SM
MD
LG