Ссылки доступа

Русия фурӯши хӯроквориро ба Украина манъ мекунад


Дар ҳукумат мегӯянд, ки ин иқдом ҷавобӣ буда, онро метавон ба таҳримоти маҳсулоти ғизоӣ дар нисбати ИА қиёс кард.

Ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки аз 1 январ дар нисбати Украина таҳримоти маҳсулоти ғизоӣ роҳандозӣ кунад. Дар ин бора вазири рушди иқтисодӣ Алексей Улюкаев дар барномаи шабакаи телевизионии «Русия 24» хабар дод. Вай ин иқдомро посухе ба пайвастшавии Украина ба таҳримҳои зиддирусии иқтисодӣ ва молӣ унвон кард.

16 сентябри соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко фармонеро имзо кард, ки тибқи он нисбати 388 нафари масъул ва 105 ширкат русӣ, ки дар миёни онҳо бонкҳо, ширкатҳои ҳавоӣ ва корхонаҳои арсаи низомиву фаннии Русия ҳастанд, таҳримот роҳандозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG