Ба гуфтаи котиби давлатӣ, агар таъсиси раванди гузариш имконпазир шавад, пас эҳтимоли анҷоми муборизаи муштараки нерӯҳои давлатӣ ва нерӯҳои мухолифин бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" фароҳам мешавад.
Ҳамзамон Керрӣ такрор кард, ки "барканории Асад ҳамчунон ҳатмӣ аст ва ин кор на ба хотири хости ИМА ва ё Фаронса зарур мебошад. Ин ба он маънист, ки то замоне Асад дар сари қудрат бошад, ҷанг анҷом намеёбад. Маҳз ҳамин нукта ҷангиёни хориҷиро ба кишвар ҷалб мекунад. Асад эътимодро аз даст дод. Вай на бештар аз чаҳоряки қаламрави кишварро таҳти назорат қарор дорад. Магар инсоне, ки мардуми худро бо маводи заҳромез мекушаду болояшон бомбаҳои кассетӣ мепартояд, бо гуруснагиву азият онҳоро мекушад, ба ҳокимият ҳақ дорад?" -- гуфт Керрӣ.