Ссылки доступа

Асад гуфт, баъд аз ду соли пирӯзӣ бар ДИ ба истеъфо меравад


Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад изҳор дошт, ки истеъфояш то замони пирӯзӣ бар гурӯҳи "Давлати исломӣ" имконнопазир аст, хабар медиҳад lenta.ru.

Фаъолияти давраи гузаришро дар сурати ғалаба бар террористон Асад 1,5-2 сол унвон карда, ҳамзамон эҳтимоли ширкати худро дар интихоботи президентӣ аз воқеият дур намедонад.

"Дар ин масъала ҳеҷ хатти сурхи манъкунандае вуҷуд надорад. Агар маро суриягиҳо раиси ҷумҳур интихоб кунанд, онҳоро ояндаи неке интизор аст", - гуфт Асад.

Дар аввали моҳи октябр президенти Сурия изҳор дошта буд, ки агар истеъфояш ба ҳалли бӯҳрон кӯмак кунад, вай ин корро ба таъхир намегузорад.

XS
SM
MD
LG