Ссылки доступа

Пойгоҳи 201 Русия воҳиди низомии худро аз Кӯлоб мебарорад


Воҳиди пойгоҳи 201 Русия, ки дар Кӯлоб .ойгир буд, ба тамрингоҳи Лоҳур дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар наздикии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе кӯч дода шудааст.

Як корманди пойгоҳи низомӣ 19 ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳамаи таҷҳизоти низомӣ аз Кӯлоб кӯч дода шуда, "дар ин воҳиди низомӣ танҳо кормандон боқӣ мондаанд, ки сарнавишти онҳо ҳал мешавад". Ба гуфтаи манбаъ мактаб, боғчаи бачагона, ки моли воҳиди низомии пойгоҳ дар шаҳри Кӯлоб мебошанд, баста шудаанд.

Воҳиди низомии пойгоҳи Русия дар Кӯлоб, ки беш аз 1000 низомиву афсаронро дар бар мегирад, дар масоҳати 40 гектар замин ҷой гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Азия-Плюс" муроҷиатномаи сокинони Кӯлобро чоп кардааст, ки дар огаҳинома дар бораи кӯч додани ҷузъи пойгоҳи низомии Русия аз ин шаҳрро дар даст доранд.

"Шуморо огаҳ месозем, ки бо дастури Минтақаи марказии низомӣ аз 15 октябри соли 2015 марҳилаи кӯч додани ҷузъи низомӣ сурат мегирад. Раванди кӯч додани воҳиди низомӣ дар мӯҳлати ду моҳи дарёфти ин огаҳинома сурат мегирад", - омадааст дар огаҳиномае, ки сокинони Кӯлоб дарёфт кардаанду ба фаъолияти ин воҳиди низомии пойгоҳи 201 Русия иртибот доранд.

XS
SM
MD
LG