Бозигари тими Қирғизистон Антон Землянухин голи чаҳоруми худ дар ин давраи интихоботиро зад ва қаҳрамони воқеии Қирғизистон шуд. Голи ҳунармандона задаи вай ба тими ба раҳбарии Александр Крестинин имкон дод, ки бар тими мунтахаби Ӯрдун, ки дар феҳрасти ҷаҳонии ФИФА 42 зина баландтар қарор дорад, пирӯз шавад.
Ба иттилои Федератсияи футбол феҳрасти нав 3 декабр нашр мешавад ва пирӯзии тим бар Ӯрдун бояд ҷойгоҳи таърихии баландтарини тими мунтахаби моро аз нав созад.
Бояд зикр кард, ки бозии миёни тимҳои мунтахаби Қирғизистон ва Ӯрдун бо ҳисоби 1:0 анҷом шуд. Дар бозии дуввум тими мунтахаби Австралия бар тими Бангладеш бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд. Акнун тими Австралия дубора дар садри ҷадвали мусобиқот дар гурӯҳи "В" қарор гирифт.