Ссылки доступа

Зане дар Ӯзбекистон ду фарзандашро корд зад


Дар деҳаи Гойбуи вилояти Хоразми Ӯзбекистон Дилфуза Худойбергановаи 30 сола ду фарзанди худро бо корд задааст, хабар медиҳад "Озодлик" (бахши ӯзбекии радиои "Озодӣ"). Ин фоҷиа шоми 15 ноябр рух додааст.

Ба иттилои ин расона духтарчаи 7 сола Шаҳло аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 10 солааш Бозорбой бо ҷароҳатҳои сангин дар бемористон бистарист.

Дар ҷараёни таҳқиқот ин зан изҳор дошт, ки ба далели мушкилоти молӣ дар зиндагӣ ба ин кор даст задааст.

Худойберганова ба унвони фаррош дар мактаби маҳаллии деҳа кор мекард. Шавҳараш дар ҳамин мактаб посбон будааст.

Раҳбарони мактаб изҳор доштанд, ки зану шавҳар сари вақт маошашонро мегирифтанду ҳаргиз аз мушкилоти худ шикоят надоштанд. Ҳамчунин зикр мешавад, ки ин зан мушкили рӯҳӣ ҳам надоштааст.

XS
SM
MD
LG