Ссылки доступа

Қазоқистон тафтиши беҳдоштиро дар марз бо Қирғизистон бекор кард


Қазоқистон назорати беҳдоштӣ ва сиҳатии растаниро дар марз бо Қирғизистон бекор кард. Дар ин бора дар маркази матбуотии Вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, бекор кардани назорат имкон медиҳад интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Қирғизистон ба қаламрави кишварҳои ИИАО бидуни мамонияте сурат гирад.

То ҳол масъалаи назорати сиҳатии чорво ҳалношуда боқӣ мемонад.

Қаблан нахуствазир Темир Сараев изҳор дошта буд, ки назорати беҳдоштӣ ва сиҳатии растанӣ дар марзи гумрукии миёни Қирғизистон ва Қазоқистон 20 ноябри соли 2015 бекор карда мешавад.

Қирғизистон 12 августи соли 2015 узви комилҳуқуқи ИИАО шуд. Дар пайи ин амр дар марз бояд назорати беҳдоштӣ, сиҳатии растанӣ ва чорво бекор карда мешуданд. Аммо ба сабаби бемориҳои чорво дар Қирғизистон ҳукумати Қазоқистон иҷрои ин масъаларо то беҳбуди вазъ ба таъхир гузошт.

XS
SM
MD
LG