Ҳамлаи нахустинро як фаластинӣ аз Ҳеброн, ки бо корд мусаллаҳ буд, анҷом додааст. Вай ба мардум дар маокази тиҷоратие дар Тель-Авив ҳамла кард. Ба иттилои пулис, ки суханони онро France-Presse иқтибос овардааст, фаластинӣ дар назди мағоза дар табақаи дуввум ду исроилиро ба сурати маргвор захмӣ карда, сипас тавассути зинапояҳо ба поён меравад ва дар роҳ боз ба як нафар зарбаҳо мезанад. Дар ниҳоят ӯро боздошт кардаанд.
Намояндаи пулис Микки Розенфелд зикр кард, ки ҳамлагар талош дошт вориди канисае шавад, ки он дар бинои бо номи «Панорама» воқеъ аст. Дар ин бино аз ҷумла дафтари ширкатҳо ва мағозаҳо воқеъ мебошанд.
Тибқи иттилои аввалияе, ки рӯзи панҷшанбе аз шабакаи давлатии телевизионии русии RT расид, шахси ношинос ба кормандони дафтари RT дар Тел-Авив, ки низ дар ҳамин бино воқеъ аст, ҳамла кардааст.
Рӯзи панҷшанбе дар соҳили Ғарбӣ, дар минтақаи аҳолинишини яҳудиён мошин ба сӯйи гурӯҳи раҳгузарон ҳаракат кард. То ин замон аз дохили мошин тирпарронӣ мешуд. Ду нафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳатҳ бардошта, худи ҳамлагар аз сӯйи маъмурони амниятӣ кушта шуд.
Дар маҷмӯъ дар муддати сар задани хушунати навбатӣ дар минтақа аз аввали моҳи октябр 16 шаҳрванди Исроил ва як араб кушта шудаанд.